Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Гарчи рангу бӯ далелу шоҳиди рӯи гул аст,

Гарчи рангу бӯ далелу шоҳиди рӯи гул аст, Лек андар рӯи гул пероя з-оҳи булбул аст. Сози айше нест андар базми имкон, дам ба дам Аз шикасти ранг минои диламро қул-қул аст. Сарнавиштам шуд зи девони қазо ошуфтагӣ, Хомаи тасвири ман гӯё зи тори сунбул аст, Наргиси бебоки ӯ майхона дорад дар бағал, Мастии чашмаш на аз кайфияти ҷоми мул аст. Сӯхтам чандон, ки печидам ба худ дар нори ғам, Дуди шамъи дил маро аз печутоби кокул аст. Нестам чун шона аз савдои зулфи ӯ бурун, Ёди гесӯяш кунун дар гардани ҷонам гул аст, Ҳар замон парвоз месозад суи сайди сухан, Туғрали моро, ки аз фикри маонӣ чангул аст.