Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ҷуз ишқ ба олам ҳама авҳоми хаёл аст,

Ҷуз ишқ ба олам ҳама авҳоми хаёл аст, Бо мурғи ҳавас сояи анқо пару бол аст. Таълими ҷунун гир зи устоди муҳаббат, Ҳар ҳарф, ки хонӣ зи ғамаш, дарси камол аст. Андар пайи иқболи ту идбор муҳайёст, Шоми ғами ҳиҷрони ту аз субҳи висол аст. Сарчашмаи дилро макун аз гарди ҳавас гил, Акси рухи худ бинӣ, агар об зулол аст. Тарсам, ки дарад ҷомаи нозаш ба нигоҳе, К-андар бари ӯ пераҳан аз тори хаёл аст. Дӣ муҳлати имрӯз фикандӣ ту ба фардо, Ойинаи мустақбалу мозии ту ҳол аст. Ташвиши дигар нест ба ғайр аз сари мӯе, Гар чинии моро ҳаваси ранги сафол аст. Уммеди вафо кардаам аз рамзи нигоҳаш, Дар муҳраи ғам баски дилам қуръаи фол аст. Туғрал, шуда то тӯтии табъи ту шакаррез, Дар мадҳи забони ту забони ҳама лол аст.