Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ҳар лаҳза ба дил аз мижаат захми хаданг аст,

Ҳар лаҳза ба дил аз мижаат захми хаданг аст, Абрӯи камони ту магар кори Фаранг аст? Машҳур бувад гул ба чаман гарчи ба хубӣ, Аз хиҷлати рухсори ту аз ранг ба ранг аст. Аҳволи маро дидию раҳми ту наёмад, Дил нест магар дар бағалат, қитъаи санг аст?! Дуди ғами меҳнат накунад тира диламро, Ин ойина он нест, ки ӯ қобили занг аст. Дар баҳри ғамаш дар кӣ фитад, нест халосӣ, К-ин луҷҷаи дарё ҳама дар коми наҳанг аст. Бошад рақами доғи сувайдои дили ман, Он нуқта, ки сармашқи хати пусти паланг аст. Дар шуълаи шамъи дилам, эй ашк, мазан об, Сулҳе, ки ту мехоҳӣ, саропо ҳама ҷанг аст. То чанд бигӯӣ сухане аз даҳани ӯ? Бигзар ту аз ин дағдаға, к-ин қофия танг аст. Осон набувад даъвии савдои висолаш, Маъҷуни хаёлат ҳама аз нашъаи банг аст! Васле, ки бувад дар паяш андешаи ҳиҷрон, Шаҳдест ба коми ту, ки аз таъми шаранг аст. Шабдизи ҳавас чанд дар ин бодия ронӣ? Раҳ дуру дароз аст, вале аспи ту ланг аст. Туғрал, ҳама дар банди сухан баски асиранд, Имрӯз маро аз ғазалу қофия нанг аст.