Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Хоксорӣ баски моро шаҳпари боли расост,

Хоксорӣ баски моро шаҳпари боли расост, Гарди моро аз заифӣ хона бар дӯши ҳавост. Соя аз афтодагӣ хуршед дорад дар бағал, Дастгоҳи муфлисиро эътибори кимиёст. То тавонӣ, кор андар мазраи дил тухми ашк, Донаи ин киштро з-абри карам нашвунамост. Ҳар куҷо бошад, ҳамон Лайлӣ бувад манзури ӯ, Дар дили Маҷнун магар ойинаи гетинамост? Дӯш пои мо магар аз маркази ғам шуд бурун? Ҳар чӣ меояд ба мо имрӯз, аз паргори мост. То ба арзи ҷилва омад акси рухсори гулаш, Ҷавҳари ойина зери шабнами мавҷи ҳаёст. Қатрае зоҳир нашуд аз ҷӯшиши шавқи дилам, Оби ин сарчашмаро аз мавҷ занҷире ба пост. Меканам кӯҳи диламро аз ғамаш чун Кӯҳкан, Лек чун ман кай касе дар ишқи ӯ саброзмост? Оламе маҳванд чун ойина дар роҳи ғамаш, Дидаи ушшоқро сармашқи ҳайрат нақши пост. Ҳосили ишқат, ки абрӯяш гувоҳӣ медиҳад, Чун камон хамёзаат оғӯши ин қадди дутост. Шуд яқинам, Туғрал, аз дарси муҳаббат ин сухан: Раҳбари ошиқ суи маъшуқ нақши бӯриёст.