Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Чанд рӯзе дар ҷаҳон, эй умр, меҳмонӣ бас аст,

Чанд рӯзе дар ҷаҳон, эй умр, меҳмонӣ бас аст, Аз ҳусули муддао оҳи пушаймонӣ бас аст. Орзуи ҷоҳ дорӣ гар зи нақши эътибор, Ёди таъмири хаёлат хонавайронӣ бас аст. Гаштӣ аз дарси камол имрӯз ғофил, мар туро Ҳамчу ябруҳассанам як номи инсонӣ бас аст. Чанд гӯӣ, к-аз тааллуқҳои имкон бигзарам? Бигзарӣ гар аз ҷаҳон, як доманафшонӣ бас аст, Гир дар роҳи талаб аз нақши пои ӯ сабақ, Мар туро ойинасон як чашми ҳайронӣ бас аст. То куҷо хоҳӣ, к-аз ошуфтан ба ҷамъият расам, Аз тасаввурҳои зулфаш як парешонӣ бас аст. Гар ҳамехоҳӣ, ки аспи хеш аз фарзин кунӣ, Дар бисоти нарди ғам як дона гардонӣ, бас аст. Дӯш аз себи занахдонаш гирифтӣ баҳрае, Аз лаби лаълаш туро имрӯз хубонӣ бас аст. То ба кай гӯӣ, ки хонам дафтари ушшоқро? Аз китоби меҳнаташ як сатр агар хонӣ, бас аст. Каъбаи байтуллаҳи фикри маро, Туғрал, кунун Аз шикори сайди маъниҳо яке бонӣ бас аст!