То зулфи ту дар хирмани гул ғолиябез аст,
То зулфи ту дар хирмани гул ғолиябез аст,
Дар даври қамар бин, ки қирон муштарирез аст.
Тарсам, ки ба дил рахна занад мардуми чашмат,
В-арна зи чӣ рӯ ханҷари мижгони ту тез аст?
Мақтули туро нест аз он сурати мурдан,
Барқи дами шамшери ту то ойинарез аст.
Заҳматкаши ишқам, ки чи ҳиҷрону чи васлат,
Аз дасти ҷафои ту куҷо ҷои гурез аст?
Ҳар ҷо, ки зи нақши кафи пои ту нишонест,
Чун арсаи маҳшар ҳама дам ғулғулахез аст.
Афсонаи ҳусни ту ҳар он гӯш, ки бишнид,
Дар даъвии зебоии Юсуф ба ситез аст.
Ҳар кас, ки саводи хати мушкини туро дид,
Дар қофияи ҳусн бигуфто, ки тамиз аст.
Фарҳанги суханҳои дақиқи мани Туғрал
На таври «Суроҳ» аст, на гуфтори «Ҳамиз» аст.