Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

То зеру бами нағмаи мизроби ту соз аст,

То зеру бами нағмаи мизроби ту соз аст, Оҳанги навоят ҳама аз пардаи ноз аст. Ҷуз оҳани ғам кай бувад асбоби футӯҳат Дар қуфли ҳақиқат, ки калидаш зи маҷоз аст. Душман бувад, эй дӯст, ба ҳар кас натавон гуфт Асрори ғами ишқ, ки бе маҳрами роз аст. Раҳ нест ба гирди ҳарами ёр касеро, Дар бодияи ишқ басе шебу фароз аст. Ҳар кас кунад аз машраби худ пеши ту изҳор, Соғар ба тамошову суроҳӣ ба намоз аст. Кӯтоҳ намуд аз ҳама савдои ҷаҳонам Зулфи ту, ки сармояи як умри дароз аст. Акси ту, ки чун шӯхии парвози кабӯтар, Монанди нигаҳ ҷилвагари дидаи боз аст. Туғрал, чӣ хуш аст маънии ин масраи Ҳофиз: «Рухсораи Маҳмуд кафи пои Аёз аст!»