Он ки таслими суҷуди хоки пояш шуд, сар аст,
Он ки таслими суҷуди хоки пояш шуд, сар аст,
Раҳбари ойинаи матлаб сафои ҷавҳар аст.
Тойири ишқ аз пару боли ҳавас бошад барӣ,
Он ки дар доми ту афтад, сайди беболупар аст.
Дуди оҳамро асар бошад саводи лаъли ӯ,
Даъвии ишқи маро хатти ғубораш маҳзар аст.
Сурма андар ком дорад мӯи чинӣ дам ба дам,
Ҳар киро тамкин бувад, донӣ, ки гӯши ӯ кар аст.
Нест фикри ошиқон пасту баланди эътибор,
Хонаи ойина кай муҳтоҷи ин бому дар аст?!
Дар ғамат чун шамъ дорам гиря аз шаб то саҳар,
Он чи аз ишқи ту сомон кардаам, чашми тар аст.
Дар саводи сафҳаи лавҳи дили ушшоқи ғам
Мадди оҳам гаҳ мидоду гоҳ тори мистар аст.
Нест, Туғрал, дар раҳи мақсад далели дигаре,
Ишқ моро оқибат дар кӯи ҷонон раҳбар аст.