Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Дилам ба захми хадангаш зи баски муътод аст,

Дилам ба захми хадангаш зи баски муътод аст, Хаёли новаки ӯ сарнавишти устод аст, Аз он замон, ки ба зулфи ту шона маҳрам шуд, Ғизоли дашти Хутан зери нахли шамшод аст. Шудам барои тамошо ба боғу дидам дӯш, Ки баҳри як гули рӯят ҳазор фарёд аст. Ба дашти ишқ, ки ваҳшат далели мақсади ӯст, Ҳадиси зулфи ту доми умеди сайёд аст. Агарчи аз адабистони васл маҳрумам, Ҳанӯз дарси ғами ишқи ту маро ёд аст. На раҳбаре, ки расонад ба сӯи Ширинаш, Садои теша далели тариқи Фарҳод аст. Зи банди фикри таманнои бешу кам бигузар, Хушо касе, ки зи бори тааллуқ озод аст! Мабош ғарра дар ин олами харобобод, Ки хишти зербинои вуҷуд аз бод аст. Чӣ суратам, ки ба нақши вуҷуди ман, Туғрал, Зи мӯи чинии фағфуру килки Беҳзод аст?!