Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Зиҳӣ, ойинаро ҳайрат хаёли акси тасвират,

Зиҳӣ, ойинаро ҳайрат хаёли акси тасвират, Камони фитнаро новак ҳадиси чашми зеҳгират! Чу хок акнун ба бод аз оташи теғи туам, лекин Басе ҷавҳар зи хунам гул кунад аз оби шамшерат. Намерӯяд ба ҷуз ёқут дигар ҳеч аз хокаш, Агар резад ба ҳар ҷо қатрае аз хуни нахчират. Вуҷуби сарнавишти хомаи най нест бишкастан, Дурустӣ нест мумкин дар қалам иншои тасвират. Набандад бастаи зулфат дари шодӣ ба рӯи худ, Ки фатҳулбоби ғам дорад ҳамин овози занҷират. Сафо ҳамчун араз шуд лозими ҷисми латифи ту, Магар аз ҷавҳари хуршед бинмуданд тахмират?! Зи найранги аҷоибхонаи чашми ту ҳайронам, Ки дорад фитнаро бедор хоби нозтаъбират. Зи бӯи ғунчаи мадҳи ту акнун вақти он бошад, Гулистон бишкуфад дар сафҳаам аз ранги таҳрират. Камондори хаёли абруят то новакафкан шуд, Нафас монанди рангам рафт дунболи пари тират. Чӣ афсун аст, ё Раб, дар забони мори он гесӯ, Ки оламро кунун бо як сари мӯ кард тасхират?! Хушо аз мисраи мавзуни дарёи сухан, Туғрал: «Қиёмат мекашад килки Фарангистони тасвират».