Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Нағмаи ушшоқ бошад дар навои андалеб,

Нағмаи ушшоқ бошад дар навои андалеб, Нест ғайр аз дидани гул муддаои андалеб. Сорбони ранги гулшан дорад оҳанги сафар, Кай бувад дар маҳмили ӯ ҷуз дарои андалеб. Тарсам аз улфатпарастиҳои сози нағмааш, К-аш халад дар пои гул хор аз садои андалеб. Баски шуд меҳнаткаши шавқи тамошоҳои гул, Гашта хам аз бори ғам қадди дутои андалеб. Ошиқонро нанг бошад кисвати ранги ғурур, Нест ғайр аз хоксориҳо қабои андалеб. Дар ҳарими васл дорад нола аз шаб то саҳар, Кас намедонад, чӣ бошад муддаои андалеб. Пунбаи ғафлат бувад шабнам ба гӯши ранги гул Нашнавад як бор акнун моҷарои андалеб. Ҳеч аз саҳни чаман берун намеояд, магар Печутоби нола шуд занҷири пои андалеб? Он қадар дорад ғурури ранги ҳусни ҳештан, Кай шавад огоҳ гул аз ҳой-ҳои андалеб? Мезанад парвонасон худро ба шамъи рӯи гул, Ин қадар лозим бувад будан кирои андалеб. Барфишон аз шабнами авроқи гул дар набзи ӯ, Ҷуз гулоби васл кай бошад давои андалеб. Дод ин фатво шабе парвонаи шамъи адаб: Нест кам аз хуни Туғрал хунбаҳои андалеб.