Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Агарчи дурам аз наззораи рухсори ёр имшаб,

Агарчи дурам аз наззораи рухсори ёр имшаб, Бувад лавҳи хаёли абруи ӯ дар канор имшаб. Наям осудаи шавқаш даме аз изтироби дил, Пари парвона дорад дуди шамъи интизор имшаб. Агарчанде ки будам дӯш масти бодаи васлаш, Вале дорад сарам аз ҳаҷри ӯ ранҷи хумор имшаб. Ба як наззора аз шаръи муҳаббат дод ин фатво Факеҳи ишқ андар ҳурмати бӯсу канор имшаб. Ба каф аз субҳа ин ҷо матлабат ҳосил намегардад, Зи ашки чашм тар кун донаи рӯзи шумор имшаб. Чаман аз накҳати боди баҳор имрӯз хуррам шуд, Ҳадиси васфи гул бишнав ба гулшан аз ҳазор имшаб. Агар хоҳӣ дурустӣ номи худ аз хотами ишрат, Шикан бар рағми сунбул турраи гесӯи ёр имшаб! Биё, эй дил, ки омад ёр сӯи кулбаи Туғрал, Ҳусули дину дунё метавонӣ, кун нисор имшаб!