Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Мебарад лаъли лаби ӯ нашъа аз мавҷи шароб,

Мебарад лаъли лаби ӯ нашъа аз мавҷи шароб, Мекашад домони зулфаш аз гиребони гулоб. Ламъаи барқи рухаш ҳар дам ба ушшоқ он кунад, Дар биёбон ташнаро ташвиши найранги сароб. Ҳар замон дил орзуи оби теғат мекунад, То ба кай шамшери эҳсони ту бошад дар қироб? Тӯшаи лахти ҷигар дорам ба роҳат дуди ғам Мезанад фаввора, тарсам, тира гардад ин кабоб. Нусхаи девони ҳуснатро чӣ сон эҳсо кунам?! Гар ҷаҳон дафтар шавад, васфи ту н-ояд дар ҳисоб?! Эй ҷафоандешаи бадхӯ, Худоро, шафқате! Чанд бошам аз шиканҷи меҳнати ғам дар азоб?! Карда устоди азал имрӯз бо сад хуни дил Ғунчаатро аз гулистони латофат интихоб. То дами рӯзи қиёмат модари айёмро Чун ту фарзанде набошад хоназоди офтоб. Гесуи Ширин бувад занҷири пои Кӯҳкан, Турраи Лайлӣ бувад дар гардани Маҷнун таноб. Аз сувайдои дилат зан рашҳаи фоли умед, Мӯҷиби борон бувад, гар тира бинмояд саҳоб. Шоми ғафлат рафт охир, субҳи навмедӣ дамид, То куҷо обод бошад, хонаи ҳастӣ хароб?! Гӯямаш сад офарин бо хотири дарроки ӯ, Ҳар кӣ бинвисад ба ашъори мани Туғрал ҷавоб!