Менамояд бар лаби ҷӯ акси моҳи ман дар об,
Менамояд бар лаби ҷӯ акси моҳи ман дар об,
Метавон аз моҳ то моҳӣ ҳама будан дар об.
Нест суде сифларо аз суҳбати равшандилон,
Сахт расво мешавад, ояд агар оҳан дар об!
Гуфт зоҳид: «Хешро дар хоб дидам дар бараш»,
Гуфтамаш: «Таъбири хоби худ бигӯ равшан дар об!»
Дар талоши акси як рӯ сад гиребон пора шуд,
Кай ба осонӣ расад ойинаро доман дар об?!
Гӯи сабқат мебарам имрӯз аз фатвои шак,
Мардуми обӣ агар даъво кунад бо ман дар об.
Ҳеч мумкин нест дар гирдоби ин амвоҷи ғам
Киштии мақсудро бе нохудо рафтан дар об!
Дар сулуки ишқ кам аз баччаи бат нестӣ,
Дар ризои дӯст ҳар дам медиҳад ӯ тан дар об.
Зери тӯфони сиришкам, Туғрал, аз ҳиҷрони ӯ,
Беҳ, ки аз ин хоксориҳо маро мурдан дар об!