Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Агар ин аст бо хубони олам ошноиҳо,

Агар ин аст бо хубони олам ошноиҳо, Тавон кардан чу най фарёд аз дасти ҷудоиҳо! Наёмад заврақи ман дар канори соҳили васлаш, Ба баҳри ишқ ҳарчанде ки кардам нохудоиҳо. Тавон дарёфт аз мазмуни ман кӯтоҳии фикрам, Ки нахлашро масал кардам ба шамшод аз расоиҳо. Ба рӯи хеш то кардӣ дучор ойина, ҳайронам, Ки ҷавҳарро намезебад ҷило аз худнамоиҳо! Вафо чун умри ман, эй бевафо, ҳаргиз намесозӣ, Магар аз умр омӯзӣ ту расми бевафоиҳо?! Ба хок орам ба зӯри панҷаи гуфтор ағёрат, Агар дар ишқи ту бо ман кунад зӯрозмоиҳо! Биҳамдиллаҳ, ки бо дайри муҳаббат муршидам, Туғрал, Ба май олуда кардам пираҳан аз порсоиҳо!