Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Умрҳо шуд, мезанам дар роҳи ишқаш гомҳо,

Умрҳо шуд, мезанам дар роҳи ишқаш гомҳо, Рафтани ранг аст аз мо бастани эҳромҳо. Эътибори мову ман аз нашъаи кайфи дил аст, Фоли фурсат мезанад ҳар дам садои ҷомҳо. Сурху зарди ин ҷаҳонро ҳоҷати иксир нест. Инқилоби ранг дорад гардиши айёмҳо. Дорад илҳоми тасаллӣ аз тапиш завқи дилам, Шаҳпари Ҷабрил бошад шӯхии пайғомҳо. Сайди қуллоби муҳаббатро раҳоӣ мушкил аст, Хуни бисмил мечакад аз ҳалқаи ин домҳо. Ҳеч кас дар даҳр аз ҷоми амал масрур нест, Талхии заҳр аст яксар шарбати ин комҳо. Чун саҳар халқи ҷаҳон кофур доранд дар нафас, Пухтагӣ ҳаргиз набошад қисмати ин хомҳо. Сад Фалотун аз раҳи ҳикмат намесозад илоҷ Хушкии набзи ҷунун аз равғани бодомҳо. Туғрал, аз овозаи ҳастӣ арақ гул кардаем, Ҳосиле ҷуз шарм набвад бар нигин з-ин номҳо.