Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Гар хиромад он парирӯ ҷониби гулзорҳо,

Гар хиромад он парирӯ ҷониби гулзорҳо, Шӯри маҳшар мешавад дар кӯчаву бозорҳо. Ҳар нафас дар хонаи дил нақши тасвираш бувад, Бо пари ҳоил намегардад дару деворҳо. Гарде аз хоки кафи пояш ба ҳангоми висол Баҳри дафъи набзи ҳиҷрон мекунам тӯморҳо. Дар тариқи ишқ ҷуз ваҳшат намебошад далел, Ин суханро ман шунидастам зи Маҷнун борҳо. Аз шамими ҳалқаи гесӯи анбарсои ӯ Аҳриманро бигсалад андар миён зуннорҳо. Нест хубони ҷаҳонро чун лабаш хубоние Дидаам хубони оламро вале бисёрҳо. Холи мушкин бар рухаш дидам, тааҷҷуб омадам, К-аш бувад саҳни ҳарам манзилгаҳи куффорҳо. Ёди ҷаъди туррааш дар гарданам доме бувад, Чун таноби хайма андар гардани мисморҳо. Ҳал нагардад уқдаҳои ин муаммо дар дилат, Дар саводи зулфи ӯ бошад басе асрорҳо. Ҳеч дар мулки ҷаҳон, Туғрал, намебошад чунин, К-аш баранд аз ошиқон дил инчунин дилдорҳо.