Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Эй зи мавҷи талъатат наззора дар гирдобҳо,

Эй зи мавҷи талъатат наззора дар гирдобҳо, Ҳайрати ойина бошад шӯхии симобҳо. Эҳтиёҷе нест дар кӯяш ба шамъи дил маро, Шамъро нуре набошад дар шаби маҳтобҳо. Фарши махмал мекунад сомони ғафлат дам ба дам, Мешавад таъбири ҳайрат оқибат ин хобҳо. Турфа оҳанге бувад сози навои ишқро, Эй хуш он мутриб, ки дорад нағма з-ин мизробҳо. Абруяш бар даъвии ишқам шаҳодат медиҳад, Роҳате чун ман надорад зоҳид аз меҳробҳо. Ашки ушшоқ аз ғамаш имрӯз тӯфон мекунад, Мешавад дарё, ба ҳар ҷо ҷамъ гардад обҳо. Кам зи Маҷнун нестам, Туғрал, ба саҳрои ҷунун, Хондаам дарси ғамашро ҷумла фаслу бобҳо.