Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Сафои сайқали дилҳо бувад аз дидани мино,

Сафои сайқали дилҳо бувад аз дидани мино, Дами субҳи тараб як партав аз хандидани мино. Писанд омад ба базми боданӯшон бо майи соқӣ Туро дар интизори пунба аз сар чидани мино. Ҳамоғӯши тавозуъ сарбаландӣ ҳар куҷо дидам Ба соғар, хоса, аз тарзи адаб варзидани мино. Чу моҳи осмон гоҳе шавад мамлу, гаҳе холӣ, Барояд ҷон зи тан, ояд зи пур гардидани мино. Китоби рамзи махмурон, ки музмар нуктаҳо дорад, Бувад изҳори он мушкил ба ҷуз фаҳмидани мино. Лаби соғар намеояд ба ҳам аз хандаи соқӣ, Бигиряд зор шамъи маҷлис аз нолидани мино. Тулӯи субҳи шодӣ шоми ғамро мезанад барҳам Дами дар анҷуман, Туғрал, ба худ болидани мино.