Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ҳар киро бошад гузар бар кулбаи эҳзони мо,

Ҳар киро бошад гузар бар кулбаи эҳзони мо, Нашканад ҷуз қурси маҳ ноне дигар аз хони мо. То ба кай бар нағмаи носози мо гӯше ниҳӣ, Кай ба ҷуз савти фироқ ояд дигар з-афғони мо. Аз пари анқо талаб кун муддаои хештан, Гар ғуборе орзу дорӣ ту аз домони мо. Домани мо чун гуҳар назри гиребон буду бас, Рафт чун авроқи гул ҷамъияти сомони мо. Ошиқонро хоксорӣ кисвати ранги вафост, Ҷуз либоси ишқ набвад бар тани урёни мо. Аз шикасти эътибороти ҷаҳон ғофил мабош, Дар назар ойина бошад сурати имкони мо. Хишти зери буқъаи мо бошад аз хоки адам, Ваҳми ободӣ надорад хонаи вайрони мо. Сафҳаи ҷузви дили моро, ки бешероза аст, Лутф бошад, бигзарӣ гар аз сари нисёни мо. Мадди эҳсон аст абрӯи хами пайвасти ӯ, Туҳфа бошад пеши шамшери вай акнун ҷони мо. Туғрал, аз домони ӯ то дасти мо кӯтоҳ шуд, Ашки ҳасрат мечакад ҳар лаҳза аз мижгони мо.