Зи худ бисёр дур афтодам аз маъниқариниҳо,
Зи худ бисёр дур афтодам аз маъниқариниҳо,
Маро сармашқи ҳайронист акнун мӯйи чиниҳо.
Тавон дар мазраи боғи ҷаҳон гул аз адаб чидан,
Ки сад хирман намои ҳосил аз ин хӯшачиниҳо.
Муроде, кай бувад ғайр аз тасаллибахши оромаш,
Набошад баҳра Лайлиро аз ин маҳмилнишиниҳо.
Зи шарми он, ки фардо маҳрами меҳри бутон бошӣ,
Ба шабнам ғӯта зан имрӯз аз хиҷлатҷабиниҳо.
Баланд афтода аз ноэътиборӣ эътибори ман,
Ки аз номам арақ гул мекунад аз бенигиниҳо.
Даме з-андешаи дил дар пайи сайди маонӣ шав,
Агар бошад расо фикри ту дар маъникаминиҳо.
Кунун ҷинси қумоши хешро, Туғрал, ба арз орам,
Муроде кай шавад ҳосил аз ин хилватгузиниҳо?!