Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Баски дар кӯҳи бало ҳамсанги Фарҳодем мо,

Баски дар кӯҳи бало ҳамсанги Фарҳодем мо, Шишаи ҷамъияти хайли паризодем мо. Қасри бунёди дили мо лоиқи таъмир нест, Махзани ганҷему аз вайронӣ ободем мо. Он қадар сар то ба по савти фироқаш хондаем, Пой то сар ҳамчу тори соз фарёдем мо. Оби теғашро агар ин аст чун оташ асар, Оқибат ҳамчун ғубори хок бар бодем мо. Сурма шуд то чашми моро гарди чини доманаш, Дар татаббуъхонаи Чин нақши Беҳзодем мо. Шона шуд маҳрам ба зулфи орази чун офтоб, З-он сабаб чун соя зери нахли шамшодем мо. Гар нахондастем з-ойини хирад ҳарфе, вале Дар дабистони ҷунун сармашқи устодем мо. Нест мазмуне зи қуллоби каманди мо бурун, Дар пайи сайди маонӣ баски сайёдем мо. Нахли ӯро дар чаман дидем ҳар сӯ ҷилвагар, Ҳамчу қумрӣ пойбанди сарви озодем мо. Кӯси навбат зан ба мо дар ишратободи ҷаҳон, Дар арӯси бикри маънӣ баски домодем мо. Ҳаббазо, Туғрал, ки Бедил месарояд мисрае: «Ҳамчу анқо бениёзи арзэҷодем мо».