Аз ҳуҷуми ашк бар дарё гузар дорем мо,
Аз ҳуҷуми ашк бар дарё гузар дорем мо,
Решаи нахли умед аз чашми тар дорем мо.
Баски бошад ҷинси моро гармии бозори ғам,
Гӯиё дукконе аз санги шарар дорем мо.
Раҳравони ишқро зоди дигар даркор нест,
Тӯшае дар роҳаш аз хуни ҷигар дорем мо.
Сози қонуни муҳаббатро набошад зеру бам,
Дар тариқи ишқ доим по зи сар дорем мо.
Дӯш дар базми адаб будем сармасти тараб,
К-аз хумори бода акнун дарди сар дорем мо.
Дидаи мо аз ғубори сурма домангир шуд,
Тӯтиё аз хоки пояш дар назар дорем мо.
Ғунчасон ҷамъияти дилҳо зи дилбар доштем,
Дилбари мо рафт, аз дил кай хабар дорем мо?
Он қадар омодаи шаҳди маонӣ кардаем,
Банд дар банди сухан аз найшакар дорем мо.
Куфр бошад дар сулуки ишқ айби ошиқон,
Кай зи тири таънаи зоҳид ҳазар дорем мо?
Туғрал, осон кай бувад ғаввосии баҳри сухан?
Сар ба ҷайби фикр аз баҳри гуҳар дорем мо.