Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Надорад майли улфат вазъи озодиписанди мо,

Надорад майли улфат вазъи озодиписанди мо, Бувад чун сарв урёнӣ ба бар моро паранди мо. Садои маҳмили роҳи нафас шуд изтироби дил, Ба ғайр аз нола кай хезад дигар дуд аз сипанди мо? Лаби Ширин чу Хусрав сарнавишти хомаи мо шуд, Шакар резад саропо ҳамчу най аз банд-банди мо. Муҳити як ҷаҳон маънӣ шудем имрӯз дар олам, Садои кӯси навбат мезанад кӯҳи паҳанди мо. Зи бас дорем мо ғаввосии баҳри сухан, акнун Гуҳар аз қулзуми маънӣ кашад фикри баланди мо. Ғизоли дашти ваҳшат гашт сайди водии улфат, Зи тори риштаи фикри расо бошад каманди мо. Хироми роизи килки кафи моро чӣ мепурсӣ, Ду оламро намояд тай ба як ҷавлон саманди мо. Ба қуллоби нафас як оламе дар доми мо бошад, Раҳоӣ нест асло сайди маъниро зи банди мо, Хушо, Туғрал, аз ин як мисраи Бедил, ки мегӯяд: «Чаро дар банди нақши мо набошад нақшбанди мо?»