Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Набошад завқи роҳат коми арбоби маониро,

Набошад завқи роҳат коми арбоби маониро, Ки созад чарх сарфи сифла шаҳди меҳрубониро. Ба нарди муҳраи ғам аспи мақсадро зи фарзин кун, Зи кишти беасар ҳосил набошад донарониро. Ғаму шодӣ ба олам тавъамони як баму зеранд, Ки дар пай шоми нокомист субҳи комрониро. Ба таври қурби дил касро набошад маҳрами розе, Ки натвонад касе дар водии Айман шубониро. Ба фатвои муҳаббат дар сулуки ишқ кай бошад Миёни ошиқу маъшуқ гуфтори забониро. Ба рамзе кун адо бо ёр арзи муддаои худ, Ки дил ҳам нест маҳрам нуктаи рози ниҳониро. Муҳити дил, ки аз мавҷи талотум шӯрише дорад, Кӣ меорад бурун ҷуз ман гуҳарҳои ниҳониро? Ба дарёи сухан то чанд ронӣ заврақи маънӣ, Наӣ ғаввос, кай донӣ сулуки дурфишониро? Ба ранги сурма гардидам ба ёди чашми ӯ, Туғрал, Қазо аз мӯи чинӣ кард бо ман килки Мониро.