Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

То зи акси хеш кардӣ сарфароз ойинаро,

То зи акси хеш кардӣ сарфароз ойинаро, Бошад андар рӯи ту рӯи ниёз ойинаро. Дида шуд то маҳрами наззораи рухсори ту, Ҳайрати мо кард охир турктоз ойинаро. Шамъсон парвонаи акси худ орад дар бағал Гар ҳамин бошад ғами сӯзу гудоз ойинаро. Он қадар фаҳмидаам аз сурати таҳқиқи дил, Дар ҳақиқат нест оини маҷоз ойинаро. Кай баланду пасти олам манъи равшандил кунад? Нест дар роҳи сафо шебу фароз ойинаро. Аз суҷуди ҷабҳа равшан соз қалби хештан, Як ҷаҳон дил соф бошад аз намоз ойинаро. Он қадар аз ҷилваи теҳу ба ҳайрат ғӯта зад, Арзи ҷавҳар бошад акнун чашми боз ойинаро. Баски яксон аст дар таҳқиқ ҳусну қубҳи халқ, Имтиёзе нест ғайр аз имтиёз ойинаро. Нест з-ойини адаб ойина, Туғрал, пеши ӯ Ҳамчу ҷавҳар бишканад, тарсам, зи ноз ойинаро.