Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ҳар кӣ дар дашти ҷунун бинад мани девонаро,

Ҳар кӣ дар дашти ҷунун бинад мани девонаро, Кай шавад монанди Маҷнун ошно бегонаро? Ҳусни хубонро ҷило бошад нигоҳи ошиқон, Эътиборе нест ин ҷо шамъи бепарвонаро. Улфате дорад хаёли мори гесӯяш ба дил, Ганҷи бисёр аст гӯё хоки ин вайронаро, Аз сари савдои зулфи ӯ чунон созам гузар, Эй фусунгар, бо кӣ мегӯйӣ ту ин афсонаро?! Бо нигоҳе кулбаи аҳзони мо обод кун, Нест ҷуз мадди нигаҳ меъмор ин кошонаро. То тавонӣ, дар нигористони чашмаш кун назар, Эй басо афсун, ки бошад ин аҷоибхонаро. Туғрал, асрори адаб аз бода равшан мешавад, Нест ҷуз пири тариқат муршиде майхонаро.