Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

То ба авҷи дилбарӣ зад ахтараш дунболаро,

То ба авҷи дилбарӣ зад ахтараш дунболаро, Моҳ дар оғӯши худ гум кард хатти ҳоларо. Сурма аз бахти сияҳ дар коми фарёди ман аст, Аз сипанди мо шунидан нест ҳаргиз ноларо. Доғи савдои хаёли васли ӯ бурдам ба хок, Менабинӣ дар мазори ман ба ғайр аз лоларо. Ҷон диҳад чун муъҷизи Исо ба ҳангоми сухан Лаҳҷаи лаъли лаби ӯ мурдаи садсоларо. Сӯхт андар миҷмари ишқаш дилам ҳамчун сипанд, Маҳрами ин май накардам соғари табхоларо. Нисбати сӯзи даруни ман ба ашки ғайр кард, Имтиёзе аз гуҳар ҳаргиз набошад жоларо. Туғрал, аз савдои ӯ шуд то дилам оташнасаб, Менишонад барқи оҳам шуълаи ҷавволаро.