Офарин шасти хаданги чашми зеҳгири туро,
Офарин шасти хаданги чашми зеҳгири туро,
К-аз дусад дил бигзаронад новаки тири туро!
Банди савдои ғами Юсуф Зулайхо кай шудӣ,
Гар бидидӣ печутоби зулфи занҷири туро.
Рамзи сомони тағофул он қадар фаҳмидаам,
Карда устоди азал аз ноз тахмири туро!
Ҷон канад Беҳзод аз роҳи таҳайюр то абад,
Ҳар куҷо бинад агар ӯ нақши тасвири туро.
Зери теғи абруят танҳо на ман ҷон медиҳам,
Кист ҷони худ насозад туҳфа шамшери туро?!
Нест мумкин васфи ту, эй туҳфаи оёти ҳусн,
Кас намедонад, чӣ хоҳад кард тафсири туро!
Бо қадат, эй нахли гулзори баҳори дилбарӣ,
Рост гӯ, пурсам ман аз майхона то пири туро!
Хонаи дилро иморатҳо намудӣ аз ғамат,
Ҳеч кас вайрон нахоҳад кард таъмири туро.
Лаъли хубонро шакар талхӣ намояд бо лабат,
Модари даҳр аз шакар ҷӯшида то шири туро.
Туғрал, аз назмам саропо бин, ки мерезад шакар,
Баски бинмудам зи сар то пой таҳрири туро!