Зи ораз бурқаъ афкандӣ, кушудӣ рӯи зеборо,
Зи ораз бурқаъ афкандӣ, кушудӣ рӯи зеборо,
Зи барқи рух задӣ оташ бисоти хирмани моро.
Сафед аз интизори мақдамат шуд чашми уммедам,
Хушо рӯзе, ки ҳамчун нур бар чашмам ниҳӣ поро.
Шудам чун лола аз доғи фироқат борҳо ахгар,
Ниҳодӣ бар дилам бори дигар доғи сувайдоро.
Нагардад монеи ҷавлони ошиқ зеру бам ҳаргиз,
Ки фарқе нест андар сози Маҷнун кӯҳу саҳроро.
Ба ҳар маҳфил, ки он шӯхи парирӯ дар сухан ояд,
Барад эъҷози лаълаш қадри анфоси Масеҳоро.
Хаёли туррааш дар гардани ошиқ бувад доме,
Раҳоӣ нест мумкин аз каманди зулфи ӯ моро.
Ба рӯи шоҳиди гул ғоза аз машшотаи қудрат,
Ба ибрат чашм бикшо, гар ҳавас дорӣ тамошоро.
Нишони ҳастии мо маҳзи имкон аст дар олам,
Ҳавас дорӣ, зи мо мекун суроғи номи анқоро.
Илоҳӣ, такягоҳе нест моро ҷуз хумори май,
Асои мо – заифон кун хаёли қадди миноро.
Намудам он қадар тамҳиди сомони сухан, Туғрал,
Ба гӯши шоҳиди маънӣ кунам иқди Сурайёро.