Шоирон
🔍
Ворид шудан
ОғозаШеърҳоШоирон
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ
Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ

Ба ҷуз аз нотавониҳо агар бурдӣ ту роҳ он ҷо,

Ба ҷуз аз нотавониҳо агар бурдӣ ту роҳ он ҷо, Садои кӯси навбат зан зи моҳӣ то ба моҳ он ҷо! Агар раҳмат ҳавас дорӣ, умед аз ғайр кӯтаҳ кун, Ки ғайр аз лутфи ӯ набвад дигар пушту паноҳ он ҷо! Дар ин ҷо кори худ кун, дастгоҳи бандагӣ дорӣ, Ки аз дастат намеояд дигар ин дастгоҳ он ҷо! Шафеъе нест ҳаргиз бо ту ғайр аз шабнами хиҷлат, Ба ҷуз ҷӯши арақ дигар набошад узрхоҳ он ҷо! Шарар дар миҷмари дил з-оташи шавқи муҳаббат зан, Ки сӯзад хирмани сад ҷурмро як барқи оҳ он ҷо! Ба ғайр аз лутфи Ҳақ дигар набошад дастгири ту, Агар сад бор сӯйи дигаре орӣ нигоҳ он ҷо! Махур ҷоми фиреби базми ҳасратхонаи олам, Ки яксон аст дар маснад гадову подшоҳ он ҷо! Намепурсад ба ҷуз бори гунаҳ кас аз раҳовардат, Набошад армуғоне беҳтар аз рӯйи сиёҳ он ҷо! Дар ин бозори ибрат арза деҳ сомони исёнат, Ки ҷӯшад муштарӣ андар сари бори гуноҳ он ҷо! Барои ҳосили имкон ғурури мову ман то кай?! Агар бишкастӣ нафси худ, шикан тарфи кулоҳ он ҷо! Чӣ хуш гуфта-ст, Туғрал, ҳазрати баҳри суҳан – Бедил: «Ба авҷи кибриё, к-аз паҳлуи аҷз аст роҳ он ҷо…»