Агар ин аст тундӣ тавсани ҷавлоншитобашро,
Агар ин аст тундӣ тавсани ҷавлоншитобашро,
Ғубори хок шав, то ворасӣ бӯси рикобашро.
Зи тори риштаи андеша дӯзам ҷомаи нозаш,
Ҳадиси накҳати гул медарад тарфи ниқобашро.
Агар хонӣ хате аз мусҳафи рухсораи Лайлӣ,
Нисори равзаи Маҷнун намо нақди савобашро.
Дили ҳайратпарастамро набошад ҷуз тапиш суде,
Магар ором бахшад ҷилваи ӯ изтиробашро?!
Ба лаб з-он хатти мавзунаш ниҳодам муҳри хомӯшӣ,
Қалам аз мӯи чинӣ метавон кардан китобашро!
Ба мизроби ғамаш касро набошад нохуни дахле,
Магар аз нолаи булбул кунад тори рубобашро?
Ба таҳрири саводи нусхаи ошуфтаи зулфаш
Зи мавҷи май рақам бояд шикасти печутобашро!
Агар дорӣ хаёли хоки пои тавсанаш будан,
Намо вирди забон «ё лайтанӣ кунту туроб»-ашро!
Хуш омад дар мазоқам, Туғрал, ин як мисраи Бедил:
«Бар ин сарчашма раҳме кун, ки мавҷе нест обашро!»