Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Дурри ноёб аст Дониш оби чашми ошиқон

Он қадар рафтаст дар ҳаҷри ту об аз чашми ман, Сӯхтан шояд, ки омӯзад кабоб аз чашми ман. Гар чунин селоби ашк аз чашми ман ояд бурун, Оламе хоҳад шудан охир хароб аз чашми ман. Баски ҳайронам ба хуршеди ҷамоли рӯи ӯ, Чашмаи хуршед дорад изтироб аз чашми ман. Баски мерезад ба роҳи интизораш хуни дил, Нест ҷуз хоки раҳи ӯ комёб аз чашми ман. Баски якранг аст дар ороиши боғи ҷамол, Кай кунад абри баҳорӣ иҷтиноб аз чашми ман. Оби Панҷобе, ки мехонанд, аз чашми ман аст, Шоҳи мардон гашт шахси БӯТуроб аз чашми ман. То димоғи ошиқон созад муаттар ҳар замон, Ҳамчу хуни сурх меояд гулоб аз чашми ман. Дурри ноёб аст Дониш оби чашми ошиқон, Абри найсон мекашад доим ҳиҷоб аз чашми ман.

Китобҳои муаллиф