Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Дӣ дар мақоми ҳайратам овард нуктае

Дӣ дар мақоми ҳайратам овард нуктае, Дар хуни дил кӣ буд, ки парвард нуктае. Зоҳид ба зуҳди хеш аҷаб ғарқа буду ман, Оҳе ба сар кашидам бас сард, нуктае... Эй ғофилон ҳанӯз таманно зи сар нарафт, Ин орзӯчӣ буд, ки парвард нуктае. Ғам дар мақоми ҳайрати худ пошикаста монд, Ҳайрат зи пай даромаду сар кард нуктае. Бо мо ба эътироз азизон назар кунанд, Бо нуктаҳои мост ҳамовард нуктае. Ғафлат ҳанӯз дар сари мо ҷо намебарад, Дар гӯши мо расид чӣ номард нуктае. Мо аз қарори кор таҷоҳул намекунем, Ёрон кадом алам, чӣ бодард нуктае. Ин нома бо ду боли кабутар равон кунанд, То дар ҳарими қурб сазад фард нуктае, Дониш ҳазор нукта дар ин раҳагар расад, Гӯӣ накардааст ба мо, кард нуктае.

Китобҳои муаллиф

Дӣ дар мақоми ҳайратам овард нуктае | Шоирон