Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Мо кори худ ба маслиҳати устод мекунем

Ҳарчанд ёди мо накунӣ, ёд мекунем, Таскини хотиру дили худ шод мекунем, Ширин агарчи гӯш ба фарёди мо накард, Як нола ҳам ба хотири Фарҳод мекунем, Моро агарчи мулки Сулаймон шавад ҳусул, Кори ҷаҳон ҳаволае бар бод мекунем. Моро ба кор маслиҳати зуҳд агар кунанд, Абрӯи ёр қиблаи зуҳҳод мекунем. Маҷнун агар ба қиссаи Лайлӣ шурӯъ кард, Мо қиссаҳои ишқи ту бунёд мекунем. Лайливашон ба ишвае гар дил зи мо баранд, Аз ғамзаҳои чашми ту сайёд мекунем. Аз раҳм агар ба ҷониби мо рӯ намекунад, Ночор рӯ ба нолаву фарёд мекунем. Мурғи диле, ки дар қафаси сина банд буд, Акнун қафас шикаставу озод мекунем. Дониш агарчи маслиҳат аз даст рафтааст, Мо кори худ ба маслиҳати устод мекунем!

Китобҳои муаллиф

Мо кори худ ба маслиҳати устод мекунем | Шоирон