Мухаммаси Дониш бар ғазали Носир
“Ло зола зиллу давлатикум, ё Ула-ал-камол”,
Бар фарқи хастагони ту модома моҳу сол,
Ҳарчанд бандаро набувад қуввату маҳол,
Дардо умед аз карами Ҳайи зул-ҷалол!,
Бо бахту давлатат нарасад то абад завол!
Бошӣ ҳамеша соҳиби иқболу муҳтарам,
Бо иззу бо ҷалол, ҳамоғӯши Ҷоми Ҷам,
Дур аз ҳаводиси ғаму озод аз алам,
Бошӣ зи юмни давлати султони бокарам,
Фирӯ збахту соҳиби иззат, хуҷастафол!
Ҳар рӯз бод рӯзи ту аз рӯз беҳтаре,
Давлат ғуломии ту кунад, бахт чокарӣ,
Илёсу Хизр бо ту намоянд ёварӣ,
Бахшад Худой давлату иқболу меҳтарӣ,
Гардад зи рашк қомати аъдот чун ҳилол!
Фархундафол бошиву ишкуфта чун баҳор,
Бошад давоми айши ту соле ҳазор бор,
Бошад мизоҷ муътадилу айш хушгувор,
Эзид диҳад туро зи карам умри бешумор,
Дар боғи даҳр нахли қадат бод баркамол!
Халқе ба садри маҷлису мо банди соқаем,
Хуфтанд аҳли даҳр ҳама, мо, ки тоқаем,
З-ин рӯй гӯиё ба риёзот шоқаем,
Лабташнагони бодияи фақру фоқаем,
Инъоми туст бо ҳама сарчашмаи зулол.
Дониш хурӯш то ба кай? Охир хамӯш кун!
Сарчашмаи ҳаёт ба ҷӯш аст, ҷӯш кун!
Кам хур ғами замонаву ин нукта ҳуш кун!
Носир ғуломи ҳалқ абагӯш аст, гӯш кун,
Бахшо ба ҳоли зори заъифони бемаҷол!
