Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Зоғро бар ҷои булбул, хорро бар ҷои гул

Такя бар тахти чаман зад шоҳиди раънои гул, Андалеби бенаво то сар ниҳад дар пои гул. Хор-хори ишқи гул дар синаи мо ҷо гирифт, Андалебонанд доим толиби маъвои гул. Чанд рӯзе бигзарад, бинанд аҳли анҷуман, Зоғро бар ҷои булбул, хорро бар ҷои гул. Хоҳгулшан хоҳгулхан, хоҳбоғу хоҳроғ, Булбули бехонумон ҳар ҷо бувад ҷӯёи гул. Хунбаҳои сад чаман гул нолаи як булбул аст, Гар набошад ошиқи гул булбуле сад вои гул. Ҳуснро аз ишқнабвад чорае з-ин рӯ магар, Булбули саргашта шуд девонаи лолои гул. Гармии бозори гул аз нолаҳои булбул аст, Кист ҷуз булбул харидорӣ кунад колои гул?

Китобҳои муаллиф