Ончунон ғафлати мо бурда ба ҷое, ки мапурс.
Ҳала, эй ҷон ба куҷо меравӣ аз дасти аҷал,
Аз азал омадаӣ бандаи побасти аҷал!
Моҳии сӯхтаҷон, чанд ба худ мепечӣ,
Кӯ туро ҳилаи берун шудан аз дасти аҷал?
Нашъаи ҳеҷ май аз ин натавон кард халос,
Уфтодем дар ин майкадаи масти аҷал.
Ончунон ғафлати мо бурда ба ҷое, ки мапурс,
Нест маълум ба мо омадани ҳасти аҷал.
То қиёмат магараш кунда шудан ҳаргиз нест,
Мекашад то ба куҷо риштаи павасти аҷал.
Донишо, чанд кунӣ назми аҷалро мавзун,
Чун туро нест сари мисраи пайвасти аҷал.
