Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Гови чанбаршохи Шокир хуш биғуррад чун паланг

(танзу ҳазл) Гови чанбаршохи Шокир хуш биғуррад чун паланг, Абдуқодир хирси худ донам ба саҳро чун маланг. Чун Сулаймон ҳукмашон ҷорӣ ба ҳар деву парӣ, Чӯбҳои ман бихӯ рданду манам чун мӯри ланг. Ҳокими эшон бувад гӯсолаи Ҳоҷӣ Валӣ, Ҳамчу ӯ ҳаргиз намебошад яке хуки каданг. Аз мусулмонӣ надорад заррае ҳаргиз хабар, Хешро одам шуморад аз сари ҷаҳлу ҷаланг. Ман намедонам чӣ шуд, ҳайрону сарсон мондаам, Ин сагонро нест бо ман ҳеҷ ҳаққи зулму ҷанг. Не ба гуфтан дам шаванду не ба куштан кам шаванд, Ҳар яке ҳастанд ҳамчун ғӯл, на, ғӯли хаданг. Эй харон, кори дигар осонтар аз ин будатон, Дар шаби торик дуздӣ кардану бурдан зи чанг. Дар к... эшон манори Вобкан то шуд адам, Кай кунад таъсир бо ин нархарон чӯби пашанг. Ҳар куҷо чӯбу дарахте дида: “Аз мо” гуфтаанд, Бе далелу бе санад бобояшон буда наҳанг. Карда ғорат чӯбҳои халқ бо худ мебаранд, Бехабар як чӯбро сад чӯб хоҳанд хӯрду санг. Заҳрашон аз нӯ ки бинӣ мечакад аз фарти ҷаҳл, Гӯиё ҳастанд аз маъҷуни аз афюну банг. Аз насиҳат ном гар орӣ, ки шояд бишнаванд, Макунанд аз пеши рӯ парвоз монанди куланг. Эй Худоё, зудтар ин чӯбхоронро бубар, То нишонад ҳар касе баҳри Худо чӯбу чаланг. Ғайри ғавғо ҳуҷҷате дигар надоранд ин харон! Гӯиё он ҷумлаанд авлоди лӯливу мазанг. Инчунин зулме, ки бар мо кардаанд аз роҳи ҷаҳл, Гӯрашон пурмору каждуму лаҳадшон зийқу танг! Эй Худоё, аз раҳи ботил барор ин қавмро, То раҳи ҳамвор тай созанд бе ғавғову ҷанг. Неъмати ҳақдодаро шокир наянд аз рӯи ҷаҳл, Чашм бар моли касон доранд чун мастони банг. Пардаи ғафлат гирифта роҳи чашму ақлашон, Ҳамчу кӯ рон ҳар чӣ ояд, дасташон қавсе ҷуранг.

Китобҳои муаллиф