Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Моро дар ин замона набошад касе ҳариф

Рафта баҳору монда ба ҳангомае хариф, Моро дар ин замона набошад касе ҳариф. Ҳарчанд хоҷа фарбеҳу зифт аст дар назар, Аз дил нигоҳкун, чӣ қадар нозуку наҳиф. Маҳтоб дар ҳимояти мо шабравӣ кунад, То поктар равем аз ин манзили касиф. Соқӣ куҷову базм куҷо, ҳамгинон куҷо? Танҳо нишастаӣ ту дар ин гӯшаи каниф. Аз даст рафт кору накардӣ ту фикри хеш, Худро чӣ сон ба халқкунӣ зираку ҳариф. Ин қиссаҳои бесару по ҷамъ кардаӣ, Аз ҳар куҷо, на қофия дониву не радиф. (поёни б) Дониш кунун зи фазл туро рӯ намедиҳад, Аз бас вазиъро нашиносӣ ту аз шариф.

Китобҳои муаллиф