Май хӯрдану нишастан бо мункирон ғалат
Май хӯрдану нишастан бо мункирон ғалат,
Уфтодани шикастадилонро ҳамон ғалат.
Шарҳи висол кардан бар ошиқон лазиз,
Дури(й) фироқ гуфтан бар ғофилон ғалат.
Дуд аз ниҳоди халқ кашидан бувад қабеҳ,
Бар рӯи халқ парда даридан аз он ғалат.
Пинҳон ба сина доштан дарди дили яқин,
Пеши рақиб додани шарҳу баён ғалат.
Дониш ба дӯстон ба сари хон шудан аҷаб,
Май хӯрдану нишастан бо душманон ғалат!
