Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Дар базм ҷо гирифтан, бе маҳвашон ғалат

Рафтан ба сӯи майкада бе майкашон ғалат, Дар базм ҷо гирифтан, бе маҳвашон ғалат. Бе ҷон ба васли ёр расидан бувад муҳол, Бе нола пеши гул шудан аз булбулон ғалат. Бе ёр бода хурдани риндон бувад дареғ, Бо булҳавас нишастани ширинлабон ғалат. Аз ҷӯши бода ғафлати мастон бувад муҳол, Аз шӯри ишқранҷиши ширинлабон ғалат. Бар сокинони майкада бе нашъае ҳаром, Бар қотеъон мусолиҳаи тоҷирон ғалат. Дар баҳри ишқғӯта задан дур наёфтан, Аз толибони содиқи бигзаштаҷон ғалат. Аз мурдароҳи бераҳа рафтан қубоби маҳз, Аз гумраҳон расидан бо восилон ғалат. Ушшоқро ба роҳи талаб сӯхтан ҳалол, Бе зод роҳрфтани ин ҳоҷиён ғалат. Дониш ҳанӯз роҳила дар раҳнакардаӣ, Рафтан ба Каъба бе мадади раҳбарон ғалат.

Китобҳои муаллиф

Дар базм ҷо гирифтан, бе маҳвашон ғалат | Шоирон