Аз ҳирс ҳеҷ кас ба мақоме намерасад
Ё раб, ба ҳеҷ кас надиҳӣ обрӯи ҳирс,
Дар ҷӯи ҳеҷ кас наравад оби ҷӯи ҳирс.
Ҳарчанд ҷои сулҳ бувад лар мазоқи халқ,
Санге бизан ба қаҳру ғазаб дар сабӯи ҳирс!
Моро макун насиб, агарчанд фарбеҳаст,
Мурғе, ки парварида шавад дар кадуи ҳирс.
Гардон ту рӯи хешу ба сӯйи дигар бирав,
Ногоҳ дар раҳе, ки шавӣ рӯ ба рӯи ҳирс.
Аз аҳли ҳирс ҳар кӣ туро рӯ ба рӯ шавад,
Гардида туршу тунд, бигардон зи рӯйи ҳирс.
Як қатра об ҳайф, ки дар ҷӯи ӯ равад,
Зинҳор хокрез намоӣ ту ҷӯи ҳирс.
Эй ҳирс, то ба кай ту ба мо рӯй мекунӣ,
Ё Раб, карам намо, ки набинем рӯи ҳирс.
Дунё хуш аст, лек агар ҳирс-ш андак аст,
Бо мо магӯй беш аз ин гуфтугӯи ҳирс.
Аз ҳирс ҳеҷ кас ба мақоме намерасад,
Ё Раб, ту дур дор зи мо бӯи ҷӯи ҳирс.
Дониш зи ҳирс ин ҳама нолидани ту чист?
Бо он, ки ҳеҷ бор надорӣ ба кӯи ҳирс.
