Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Давре ба сар расида, ки бишнав маноқибаш

Давре ба сар расид, ки бишнав маноқибаш, Не қадру манзалат ба сухан, не ба соҳибаш, Пурсидамаш зи қозиву мегуфт ноибаш, Он беҳ, ки аҳли фазл нишинанд тойибаш, Бигзашта аз муношитаву аз масоибаш. Тифле лаб аз “Макорими ахлоқ ” дӯхта, Ҳиммат зи нори “хашяти амлоқ ” сӯхта, Хиссат лаҷом кардаву имсок нӯхта, Асбоби обрӯи азизон фурӯхта, Ин аст аз аҷойиби ҳирсу ғаройибаш. Хуршеди умр ҳар саҳар аз нав сафар кунад, Ҳар ҷо, ки меравад қадам аз фарқи сар кунад, Ҳарчанд дар уруҷу нузулаш назар кунад, Дар гӯши ҳуши мо зи ғурубаш хабар кунад, Бошад қарибтар зи машориқмағ орибаш. Афсӯс гӯши ҳуш ба Фурқон накардаӣ, Фармони дӯстро ба ҷавонӣ набурдаӣ, Вақти нишоту айш шаробе нахӯрдаӣ, Охир ба худ надомати беҳуда бурдаӣ, Акнун зи суди тухма шудан аз маъойибаш. Ҳофиз наво накарда ба фасли баҳору дай. Ҷомӣ зи ҷоми фазл нахӯрдаст қатра май. Бедил зи ҷон гузашта накардаст сафҳа тай. Фирдавсиву Низомиву Хоқонӣ ло ба шайъ. Нозим ғалат навишта, хато карда соҳибаш. Аз қадру манзалат ба сухан зарравор нест. Ин фазлро чӣ шуд, ки дар ӯ эътибор нест Дониш ту саъй карда давидӣ ба ҳар тараф, Ҳаргиз наёфтӣ зи касе ҳурмату шараф, Биншин ба гӯшае, ҳамаро соз бартараф, Бархезу хеш зуд раҳо кун аз ин канаф, Ин аст дар ҷаҳон ҳамагӣ аз ғаройибаш.

Китобҳои муаллиф

Давре ба сар расида, ки бишнав маноқибаш | Шоирон