Обистан аст духти замин аз фуюзи дай
Нагзашта файзи бори саҳоби карам ҳанӯз,
Хобида аст лолаву гул дар адам ҳанӯз.
Ҳут асту мавти сабза ба зери замин дафин,
Нагзашта офтоб зи абри дижам ҳанӯз.
Булбул чу аз бунафшаву гул мекунад савол,
Аз боди субҳ мешунавад “ло”-ву “лам” ҳанӯз.
Шохи гулу дарахти самардору бесамар,
Дар бар накардаанд либоси ҳишам ҳанӯз.
Нанҳода лола бар сари худ чатри арғувон,
Наншаста гул ба тахти чаман чун санам ҳанӯз.
Найсон набурда файзи ҳаворо ба сӯйи баҳр,
Бар сафҳаи замин хати райҳон қалам ҳанӯз.
Обистан аст духти замин аз фуюзи дай,
Комил нагашта муддати зод аз шикам ҳанӯз.
Дасти карам набурда замин бар сахову ҷуд,
Минқори мурғ хушктар аз бешу кам ҳанӯз.
Гӯсолавор гов ба гардан накарда йуғ,
Аз поза бар замин нарасида ситам ҳанӯз.
Хуррам нагашта рӯи замин аз сафеду сурх,
Гул дар паноҳу лола ба катми адам ҳанӯз.
Аҳли тараб нишаста ба ғамхонаҳои худ,
Соқӣ зи хум нарехта дар Ҷоми Ҷам ҳанӯз.
Киштӣ зи боди шурта биҷунбида аз мақом,
Ҳоҷӣ набурда пай ба ҳарими ҳарам ҳанӯз.
Аз баҳри оваридани булбул ба бӯстон,
Нохурда шоҳидони гулистон қасам ҳанӯз.
Чуғз аз даруни кулба надонам чӣ мехӯрад.
Зоғаст лек дуру ҳаме муғтанам ҳанӯз.
Ҳосил, ки боғбон нагирифта ба даст бел,
Дониш ба бӯстон наниҳода қадам ҳанӯз.
