Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

марсияи Дониш дар сӯги фарзанд

Рафтӣ чун аз барам, эй сарви хиромони падар, Булбули рӯҳ парида зи гулистони падар. Тоқи абрӯи ту то дур шуда аз назарам, Тоқатам тоқ шуд, эй сарви хиромони падар. Ҷӯйбори дилам аз сарви қадат хуррам буд, Рафтиву гашт хазон гулшану бӯстони падар. Бори андӯҳи туро кӯҳ наёрад тоқат, Ба чӣ тадбир ман ин бор кашам ҷони падар? Ҳар замон қатраи ҳасратзада бар рӯи замин, Аз ғами рӯи ту ин дидаи гирёни падар. То туро боди аҷал бурда зи гулзори вуҷуд, Гум шуда сар ба сар эй гул, сару сомони падар.

Китобҳои муаллиф

марсияи Дониш дар сӯги фарзанд | Шоирон