Ҳарфе зи дӯст гӯӣ, ки бошад зи ҷон лазиз
Ҳарфе зи дӯст гӯӣ, ки бошад зи ҷон лазиз,
Лутфаш лазиз бошаду қаҳраш аз он лазиз!
Гар ёр бо ту бошаду дар ҳар куҷо бувад,
Васлаш лазиз бошаду ҳаҷраш аз он лазиз!
Моро самуми ҳаҷр басе талхком сӯхт,
Боди сабо насиме расонаш аз он лазиз.
Рафтан ба кӯи дилбару дидан ҷамоли ӯ,
Он ҳам лазиз бошаду ин ҳам аз он лазиз!
Лутфаш яқини мо шуду қаддаш камон ба мо,
Бошад яқин лазизу набошад камон лазиз!
Ҷуз хоки роҳи ӯ шудану маҳви роҳи ӯ,
Андар замин чӣ бошад, дар осмон лазиз!
Хунобае, ки рафта зи чашмам ба ёди ӯ,
Андар мазоқи ҷону дилам бошад он лазиз!
Ҳар қатрае, ки мечакад аз лаъли ноби дӯст,
Бошад зи оби Хизр ба лабташнагон лазиз!
Фарҳод ҷуз ҳикояти Ширин намекунад,
Ин қисса бод аз лаби ширинлабон лазиз!
Халқ аз барои ком ба ҳам теғмекашанд,
Эй комҷӯ гузаштан аз он ком, з-он лазиз.
Аз ному аз нишона гузар, сайри боғкун,
Дар кӯи ишқдомани ному нишон лазиз!
Дониш ҳанӯз нуктаи беҳуда мезанӣ,
Бар гӯши ҳамгинон набувад ончунон лазиз.
