Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Аҳмади Дониш
Аҳмади Дониш

Он кӣ бо ман дар сухан худро баробар мекунад

Он кӣ бо ман дар сухан худро баробар мекунад, Поймардӣ кай тавонад, хок бар сар мекунад! Мулки донишро зи бас тасхир пардозам ба килк, Бенавои хомаам кори тавонгар мекунад! Тарзи хомӯшӣ ҳазорон аст, к-андар роҳи ишқ, Даст кори дигару дил кори дигар мекунад. Бо ҳама ҳолат хушам, к-аз шӯру ширини замин, Гоҳмасрурам фалак, гоҳе мукаддар мекунад. Нест парвое маро аз буду нобуди сипеҳр, Гарчи беҳбудӣ гуморад, в-арчи абтар мекунад. Дуннавозиҳои гардун аст аҳли табъро, Дар фаноободи боқӣ вазъ кайфар мекунад. Тарҳи Маҷнун аст оқилро гудозад аз шарор, Шуълае к-аз оҳи олам сӯз сар бар мекунад.

Китобҳои муаллиф