Озода рав, ки хиттаи олам басест танг
Дар баҳр агар ту об наёбӣ, марав ба сар,
Бо лутфи ӯ паноҳбар, аз баҳр даргузар!
Дастури ақли кулл ба ту роҳе намедиҳад,
Аз ҷузв парда соз ба худ, пардаро мадар!
Толеъ агар мадад накунад зери чархи дун,
Равшангарӣ куҷо шавад аз шамсу аз қамар.
Давлат назар ба пешу паси худ намекунад,
Фарқаш куҷо миёни падар бошаду писар.
Марде куҷост рӯй ба майдони мо кунад.
Дорад ҳазар зи рӯбаҳи афсурда шери нар.
Хуниндилон ба майкада майл аз чӣ мекунанд,
Он ҷост оби куҳнаву ин ҷо шароби тар.
Мактабнарафта зоҳиди беилм чун кунад,
Қуръони ишқро, ки на зер асту не забар?!
Озода рав, ки хиттаи олам басест танг,
Осон на бе либоси таҷарруд, аз он гузар!
Хомуш нишастаанд ҳарифон ба базми май,
Дониш, ту ҳам зи нолаву оҳу фиғон гузар!
