Андак караме фармуд, андӯҳ фаровон рафт
Андак караме фармуд, андӯҳ фаровон рафт,
Аз як назари лутфаш сад мушкилам осон шуд.
То сарви хиромонаш дар ҷивагарӣ омад,
Мурғи дили ҷонбозон чун қумрии нолон шуд.
Аз ханҷари мижгонаш дил захмаи корӣ дид,
Аз лаъли шакарбораш сад шукр, ки дармон шуд.
Аз замзамаи шавқаш ором чӣ сон гирам,
Аз чоҳи занахдонаш ором дилу ҷон шуд.
Дар гулшани иқболаш осуда чаро бошам?
Хорам ба ҷигар уфтод гул то ба гиребон шуд.
То бар сари ман рондӣ шамшери тағофулро,
Аз рашк ҳарифонро андӯҳ фаровон шуд!
То сояи хуршедаш дар гирди Ҳарам дидам,
Шукронаи иқболаш, сад ҷон ҳама ҷуброн шуд.
Як дона зи холи худ лутфу караме фармо,
Мӯри дили маҳзунро ҳамтахт Сулаймон шуд.
Аз шарбати лаъли худ як қатра карам фармуд,
Дар коми дилу ҷонам бас шаҳд фаровон шуд.
Мегуфт, ки ҷонам деҳ, то бӯса туро бахшам,
Ин бандаи бефармон имрӯз ба фармон шуд!
Аз захмаи ҳиҷронаш ҷонам ба фиғон омад,
Ин муҳри Сулаймонӣ, то офати девон шуд.
Як зарра зи лутфи худ нодида ба мо кардӣ,
Ҳам роҳати ҷон гардид, ҳам қуввати имон шуд!
Аз дарду фироқи ту як қисса чу бинвиштам,
Ҳам Лайливу Маҷнун шуд, Абсолу Саломон шуд.
